Дар Туркия дар паи боронгариҳои шадид, обхезӣ рух дод. Дар паи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, 4 тан ҷон аз даст дод.
Обхезӣ вилоятҳои Бартин, Карабюк, Кастамон ва Синопро хароб кард. Наздики 12 деҳа бе барқ монду 13 кас захмӣ гардид. Дар вилояти Бартин купрук валангор шуд.
Аксари биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо таги об монданду мошинҳо дар рӯи об шино мекунанд. Мардумро бо заврақ ба маконҳои бехавф мекӯчонанд.
Ёдрас мешавем, ки аз авохири моҳи июл Туркияро сӯхтори шадиди ҷангалӣ фаро гирифта буд. Дар авҷи мавсими сайёҳӣ аксари курортҳоро дуди ғализ иҳота кард.
Аз маконҳои тамошобоб сайёҳонро кӯчониданд. Ҳукумат сабаби сӯхторро оташ задан гуфтанд, вале дертар яке аз ташкилотҳои террористӣ изҳор дошт, ки ин кори дасти онҳо ҳаст.