ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Федератсияи тенниси Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Русия ғолиб омадааст.
Ӯ дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа Стефэн Сач аз Британиёро шикаст дод.
Миёни духтарон бошад, пирӯзиро варзишкори рус ба даст вардааст. Тибқи иттилои манбаъ миёни духтарон Виктория Милованова аз Русия пирӯз гардид. Мақоми дуюмро Валерия Ивановская (Русия) гирифт.
Дар сабқатҳои ҷуфтӣ байни писарон Амирҳамза Насриддинов (Русия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) зинаи аввалро ба даст оварданд. Миёни духтарон теннисбозони ӯзбекистонӣ Муниса Ашурбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова ғолиб омаданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ХI мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 64 варзишгар аз Англия, Қазоқистон, ИМА, Исроил, Олмон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка ширкат доштанд.