ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар заминаи шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ёдовар шуд.
"Аксари афсарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар муассисаҳои олии мо таълим мегиранд. Дар Тоҷикистон мо пойгоҳи 201, дар Қирғизистон - пойгоҳи ҳавоии Кант дорем", - гуфт ӯ дар ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони "Территория смыслов".
Ба гуфтаи раҳбари вазорати дифоъ, Русия барои навсозии артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон кумак мекунад.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Маскав ва Душанбе барномаи муштараки дубора муҷаҳҳаз сохтани артиши Тоҷикистонро амалӣ мекунанд, аммо ҳоло зарурати тақвияти иқтидори ҷангии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба миён омадааст.
Бо вуҷуди ин, Шойгу таъкид кард, ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд барои рафъи иғвоҳои эҳтимолии Толибон (ҳаракати радикалӣ, ки дар Русия мамнӯъ аст) омода бошанд.
"Барои мо бениҳоят муҳим аст, ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодаанд, ки иғвоҳои эҳтимолиро боздоранд".
Ёдовар мешавем, ки 10 август дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, дар 20 километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳузури беш 2000 низомӣ ва тамоми техникаи ҷангӣ гузашт.
Пойгоҳи 201 -и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия дар хориҷ аз марзҳояш аст, ки дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.