Пентагон: Толибон* қодиранд давоми 90 рӯз Кобулро ишғол кунанд

Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, Толибон* метавонанд, давоми як ё се моҳ қудратро дар Кобул ба даст гиранд, агар хоҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Амрико бовар дорад, ки вазъ дар Афғонистон босуръат бад мешавад ва намояндагони ҷунбиши радикалии Толибон* метавонанд дар як ё се моҳ пойтахтро ишғол кунанд, дар ин бора The ​​Washington Post бо такя ба манобеи низомияш менависад.
"Ҳама чиз ба самти нодуруст меравад" гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони рӯзнома.
Як манбаи дигар мегӯяд, ки воқеияти Пентагон ҳоло ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар ояндаи наздик барои хуруҷи дипломатҳои амрикоӣ ва ҳайати дигар аз пойтахти Афғонистон омодагӣ гирад.
Сафари дигарбораи Ғанӣ ба назди Ато: тақдири шимоли Афғонистонро баррасӣ мекунанд
Зеро баъзе сенарияҳои низомии ИМА оид ба таҳияи рӯйдодҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон дар ояндаи наздик дар 30-90 рӯзи наздик сурат мегирад.
Қарор аст, охирин сарбозони амрикоӣ рӯзи 31 август Афғонистонро тарк кунанд ва ба ҷанги 20-солаи таҳти раҳбарии ИМА хотима бахшанд.
Ҳоли Толибон* қисматҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд ва рӯзи сешанбе марказҳои ду вилояти дигарро дар ғарб ва шимоли ин кишвар ишғол карданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* аз забти маркази Бадахшон хабар доданд
Нирӯҳои Толибон* дар ҳоли ҳозир аз 34 музофоти 9 - тои онро дар Афғонистонро назорат мекунанд, ки шаштои онҳо дар шимол ҳастанд ва ҷангҳо дар се маркази дигар идома доранд.
Ин гурӯҳ ҳамчунин ҷангҳо болои Мазори Шариф, бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистонро тақвият ёфтааст ва агар ин шаҳрро, ки бо мухолифони худ бо Толибон* маъруф аст, суқут кунад, ҳукумати Кобул назорати тамоми минтақаи шимолро аз даст медиҳад.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.