Мессӣ меояд, Мбаппе меравад? Ҳамлагар нияти тарки "ПСЖ" дорад - расонаҳо

Ҳамлагари тими миллии Фаронса, Килиан Мбаппе нияти тарки бошгоҳи "ПСЖ"- ро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Килиан Мбаппе мехоҳад, тими фаронсавии "Пари Сен-Жермен" - ро моҳи август тарк кунад, аммо ҳеч бошгоҳе пешниҳоди трансфери бозигарро накардааст, хабар дод As.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати созишномаи Мбаппе бо "ПСЖ" охири июни соли 2022 тамом мешавад. Бозигар нияти тамдиди созишномаро надорад ва мехоҳад тимро аллакай дар моҳи август тарк намояд.
Яке аз далелҳои ин тасмим муносиботи бади футболбоз бо мудири варзишии "ПСЖ", Леонардо гуфта мешавад. Бо ин далел музокирот бо Мбапперо президенти бошгоҳи парижӣ, Носир Ал- Хелаифӣ анҷом медиҳад.
Таҳти рақами 30: рӯзи аввали Месси дар "ПСЖ" - видео
Президенти бошгоҳ дар назар дорад, ки ҳафтаҳои наздик дигарбора бо Мбаппе мулоқот номояд, ӯро барои мондан дар тим розӣ кунад.
Рафтани Мбаппеи 22-сола аз тим метавонад, имзои созишномаи Лионел Мессиро бо "ПСЖ" тезонад.
Қаблан расонаҳо навиштанд, ки барои хариди Мбаппе бошгоҳи "Реал"-и Мадрид ҳавасманд мебошад, аммо то ҳол пешниҳодҳо дар ин бора ба футболбоз ироа нашудаанд.
Дар мавсими гузашта Мбаппе дар 47 бозӣ дар ҳайати тими "ПСЖ" 42 голро вориди дарвозаи рақибон карда буд.