ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Қаблан маълум шуд, ки толибон* ИМА -ро огоҳ кардаанд, ки аз дахолат ба корҳои Афгонистон худдорӣ кунад. Намояндаи расмии дафтари сиёсии ҷунбиш гуфт, ки "созиш дар бораи оташбас дар Афғонистон вуҷуд надорад ва ба он чи ки рӯй дода истодааст, "худи ҳукумати ин кишвар гунаҳкор аст, ки "дар як қатор вилоятҳо ҷангро оғоз кард" , "амалҳои Толибон*" вокуниш ба ҳамлаҳо "-и низомиён мебошанд.
Қаблан низомиёни афғон дар вилоятҳои Қандаҳор, Ҳирот, Ҳилманд, Пактиё ва ғайра амалиёти густардаеро анҷом доданд.
Тавре Вазорати дифои Афғонистон дар "Твиттер" хабар дод, дар як рӯз 679 ҷангҷӯён нест карда шуданд, 161 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамзамон, бомбаандозҳои амрикоии B-52 Stratofortress низ ба ҳадафҳои Толибон* дар маркази вилояти Ҷузҷон, Шибирғон, ҳамлаҳои ҳавоӣ карданд. Ба гуфтаи ҷониби Афғонистон, беш аз 200 ҷангҷӯ ва ҳамчунин беш аз 100 мошин, теъдоди зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд.
Дар мусоҳиба бо радиои Sputnik Тарасов қайд кард, ки рӯйдодҳои Афғонистон аз рӯи сенарияи драмавӣ рушд мекунанд.
"Амрикоиҳо ба қисмҳои низомии Толибон* дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд. Ҳоло Толибон* тақрибан дар ҳама манотиқи кишвар меҷанганд ва нерӯҳои ҳукуматиро ба танг меоранд. Нишонаҳои ҷанги шаҳрвандӣ пайдо мешаванд ва ба назар чунин мерасад, ки Толибон* бабарои ҳамла ба Кобул омодагӣ мегиранд",- мегӯяд, Тарасов.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти расмӣ нерӯҳои давлатӣ 300 ҳазор аст ва аз Толибон* бошад, 100 ҳазор гуфта мешавад. Аммо, вақте ки беш аз 48 дарсади вилоятҳои Афғонистон ба тарафи Толибон* мегузаранд , мақомоти расмӣ таслим мешаван.
Ба гуфтаи ӯ, як шарти ба эътидол овардани вазъ вуҷуд дорад.
"Чунин ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳида саъй дорад ҷонибҳоро ба музокирот ташвиқ кунад, ҳукумати эътилофӣ таъсис диҳад ва аз тарафи дигар он ба воҳидҳои Толибон* зарба мезанад. Ин аз шикасти комили сиёсати Амрико дар ин самт шаҳодат медиҳад. Эътилофҳо бо иштироки Русия, Чин, Покистон, шояд ҳатто Туркия, то ҳадди ақал шартҳои ҳамзистии осоиштаи қувваҳои сиёсии мухолифро муайян кунанд. Агар ин тавр нашавад, мо бояд ба сенарияи бадтарини рӯйдодҳои минтақа омодагӣ гирем", - гуфт таҳлилгар.
Дар замони навишти ин гузориш хабар расид, ки Толибон* шаҳри Фараҳро забт ва ба тобеияти худ дароварданд.
Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст, ки шаҳри Фараҳро забт намуданд.
Рӯзи 6 август Толибон* аз забти шаҳри Заранҷ, маркази маъмурии вилояти Нимрӯз дар ҷанубу ғарби Афғонистон ва баъд аз он боз панҷ маркази маъмурӣ, аз ҷумла шаҳри бузурги Қундуз, воқеъ дар наздикии марз бо Тоҷикистонро эълон карданд.
Дар ҳамин ҳол, Кобул маълумот дар бораи ишғоли шаҳр аз ҷониби Толибонро рад кард. Илова бар ин, низомиёни афғон хабар доданд, ки қудратро бар як маркази маъмурӣ дубора ба даст овардаанд.
* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия