Паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов ситораи шоми ММА дар Русия мешавад

Муборизаи варзишгари тоҷик дар мусобиқаи дарпешистода набарди асосӣ хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар набарди калидии марҳилаи нави мусобиқаи EAGLE FC 39 дар Нижний Новгород, паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов иштирок мекунад.
Размикори тоҷик бо намояндаи Бразилия Марсио Сантос вомехӯрад.
Одилов дар корномаи варзишияш то кунун 11 бурд ва 2 бохт дорад. Сантос бошад, 16 набардро бо пирӯзӣ анҷом дода, шаш мағлубият дорад.
Вохӯрӣ 22 август дар маркази варзишии Нагорний баргузор мешавад.
Размикори тоҷик Фариддун Одилов аз дастгириҳои падараш гуфт- навори таъсибахш
Интизор меравад, ки президенти Eagle FC Шамил Завуров ва муассису соҳиби лигаи EFC, қаҳрамони мағлубнашудаи UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар ин чорабинӣ ширкат кунанд.