ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Инфиҷори дармонгоҳ дар музофоти Хост мунҷар ба марги як корманди пулис гашт, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News бо истинод ба маълумоти пулиси маҳаллӣ.
Бар хабари манбаъ, дар ин ҳодиса 4 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Наҷиб Аҳмад Наҷиб ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки таркиш дар беморхона субҳи рӯзи сешанбе иттифоқ афтод. Ҳоло масъулияти ин ҳамаларо ягон гурӯҳ ба ӯҳда нагирифтааст.
Қаблан дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи хатари эҳтимолии вуруди густардаи паноҳандагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта буд. Вай аз хавфи вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.