Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд

Ба музокироти байни афғонӣ намояндагони дигар кишварҳо низ ҷалб карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Кобули расмӣ даври навбатии музокирот бо Толибонро* дар Доҳа баргузор мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои афғонистон.
Ба гуфти рӯзноманигорон, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдулло Абдулло аллакай шоми 9 август ба Қатар парвоз кардааст.
Дар музокирот ҳамчунин вазири сулҳи Афғонистон Содот Нодирӣ низ ширкат хоҳад кард.
Чорабинии сиёсии дарпешистода унвони умедбахш дорад: "Саммити сулҳ дар Афғонистон".
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар давоми 24 соат дар Афғонистон беш аз 360 толиб кушта шуд
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, мавзӯъҳои аслии муколама коҳиши хушунат ва оташбас дар кишвар хоҳад буд.
Музокироти Доҳа се рӯз идома хоҳад кард. Бино ба гузориш, дар ин ҳамоиш намояндагони ИМА, Чин, Русия, Покистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркия иштирок мекунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар гуфтушунид фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ширкат хоҳад кард.
Нишасти бенатиҷаи Доҳа: Нур гуфт, оид ба масъалаҳои асосӣ ягон созиш ба даст наомад
Дипломати амрикоӣ талош хоҳад кард, ки бо Толибон* дар бораи оташбас дар Афғонистон музокира кунад.
Ёдрас мешавем, ки дар даври қаблии музокирот ҷонибҳо натавонистанд дар бораи оташбаси муваққатӣ созиш кунанд.
* Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. мамнӯъ аст