Размикори қирғиз Рафаэл Физиев дар мусобиқаи муқаддамотӣ дар UFC 265 Бобби Грин аз Амрикоро мағлуб кард.
Ин чаҳорумин пирӯзии пайдарпайи размикори 28 - солаи қирғиз мебошад. Дар маҷмӯъ Физиев даҳ пирӯзӣ ва як бохт дорад. Таҳти сарпарастии UFC мубориз бори панҷум баромад кард.
Набарди ӯ се давр давом кард ва бо пирӯзии қирғиз анҷом ёфт. Физиев пас аз задухӯрд гуфт:
"Шумо чеҳраи маро мебинед? Чанд мушт ба рӯям заду аз чанд мушти дигар пешгирӣ кардам. Ин набард бароям осон набуд".
Илова бар ин, ӯ блогнависи доғистонӣ Хасбикро ба набард даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи UFC 265 дар Хюстон баргузор шуд ва муҳорибаи Физиев ва Грин ҷолибтарин ба ҳисоб рафт.