Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Сафорати ИМА аз шаҳрвандонаш дар Кобул хост, фавран Афғонистонро тарк кунанд

Агар касе аз шаҳрвандони ИМА дар Афғонистон ба мушкил мувоҷеҳ шавад, сафорат ҳатто дар Кобул наметавонад кумак расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сафорати ИМА дар Кобул аз шаҳрвандони Амрико даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар Афғонистонро тарк кунанд.
Сабабаш вазъи ноамн дар кишвар ва ихтисори кормандони шӯъба аст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба изҳороти намояндагии дипломатӣ.
Агар касе аз шаҳрвандони ИМА дар Афғонистон ба мушкил мувоҷеҳ шавад, сафорат ҳатто дар Кобул, наметавонад кумак ироа кунад.
Сафорати ИМА ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз ҳама гуна парвозҳои тиҷоратии дастрас истифода кунанд ва аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Маршал Дӯстум ба Ғанӣ гуфт ба ӯ эътимод кунад: пешниҳоди эълони вазъияти низомӣ
Ҳамзамон, намояндагии дипломатӣ омода аст ба он шаҳрвандоне, ки қобилияти молии хариди чиптаҳои ҳавопайморо надоранд, қарз диҳад.
Ҳамчунин, сафорат ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар барномаи STEP (Smart Recroll Enrollment Program) сабти ном шаванд, то дар бораи вазъи амниятӣ маълумот гиранд ва инчунин сафорат тавонад дар ҳолати фавқулодда бо онҳо тамос гирад.
Толибон* мегӯянд, боз ду вилояти дигарро гирифтаанд
Ин дар ҳолест, ки пас аз эълони хурӯҷи низомиёни ИМА аз қаламрави Афғонистон, Толибон* дар саросари кишвар фаъол шуданду минтақаҳои зиёдро таҳти назорати худ гирифтанд.
Ҳамин тавр, ҳукумати Афғонистон назорати даҳҳо музофотро аз даст дод.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст