ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Таҳдиди воридшавии террористон аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нигарониро ба миён меорад, гуфт намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон.
"Хавфи вуруди ҷангҷӯён ба минтақа, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон, наметавонад боиси нигаронии ҳамсоягон дар Осиёи Марказӣ нагардад. Мо бо ҳамаи панҷ кишвар дар тамос ҳастем", - гуфт ӯ.
Небензя таъкид кард, ки маълумот дар бораи афзоиши хушунат дар Афғонистон даҳшатовар аст ва ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар ҷумҳурӣ дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ноумедкунанда ба назар мерасад.
"Аён аст, ки роҳи ҳалли низомии Афғонистон вуҷуд надорад. Аммо дар шароити феълии набуди пешрафт дар роҳи музокирот, дурнамои ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ гузаштани Афғонистон, мутаассифона, воқеан воқеъист", - гуфт дипломати рус.
Аз нуқтаи назари ӯ, вазифаи муҳимтарин дар шароити кунунӣ "ҳарчи зудтар оғоз кардани гуфтушуниди моҳиятӣ" мебошад.
Вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.
Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунанд, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 беш аз 200 шаҳристон таҳти назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) қарор гирифтаанд. Хусусан задухӯрди шадид байни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷангиён дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.