ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Ҷашнвораи таомҳои миллӣ бо ҳузури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матуботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар гӯшаи тоҷикӣ таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полезӣ, хушкмева инчунин асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуд.
Манбаъ афзуд, меҳмонону шираткунандагон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.
Таъкид шудааст, ки сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гашт.
Ба сарони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, бахусус мева ва хушкмеваҳо ба кишварҳои гуногуни сайёра содирот карда мешаванд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки минбаъд соҳибкорони тоҷик метавонанд ба кишварҳои минтақа содироти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро афзоиш дода, бо ин васила бозори истеъмолии минтақаро ғанӣ гардонанд.