ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нишони фахрӣ мукофотонида шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки нишони фахрӣ дар ҳузруи президентҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишвардори Тоҷикистон тақдим шудааст.
"Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки нишон ба президенти Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ супорида шудааст.
Почетная медаль глав государств Центральной Азии" была вручена Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону
© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Ҳамчунин, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ низ аз хизматҳои президенти Тоҷикистон номбар шудааст.
Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркменбошӣ бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон идома дорад.