Раҳмон: Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ОМ аст

Президенти Тоҷикистон сарони кишварҳои ОМ-ро ба ҳамкории зич даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Дар шаҳри Туркменбошӣ нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ суханронӣ карда, аз омодагии ҳамкорӣ гуфт.
"Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории кишварҳои ОМ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.
Тақдими нишони фахрӣ ба Раҳмон дар ҳузури президентҳои ОМ: барои кадом хизматҳо? - акс
Раҳмон ҳамчунин, соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.
Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, таваҷҷуҳи кишвардорони Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи короновирус ҷалб кард.
Президенти Қирғизистон хост, монеагузориҳо дар марз набошад
Бояд гуфт, ки раисиро дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Раҳмон Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал мебошанд.