Навори таърифи Бердимуҳаммадов аз таҷрибаи Раҳмон ва хеста кафкӯбӣ кардани президентҳо

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, навори маросими тақдими Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба Эмомалӣ Раҳмон нашр кардааст
Sputnik
Бар асоси навори маросим, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, аз таҷрибаи зиёди ҳаётию сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гуфта, афзуд, ки ӯ солиёни зиёд кишварашро роҳбарӣ мекунад. Бердиҳмуҳаммадов афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон тамоми кори заруриро анҷом медиҳад, то давлаташ рушд кунаду ҳаёти мардуми Тоҷикистон ба сатҳи баланд расад.

“Сидқан шуморо табрик мекунаму барои шумо саломатию солиёни зиёди зиндагӣ таманно дорам. Барои халқи Тоҷикистон сулҳу саодат ва рушд мехоҳам”, - таъкид намуд Бердимуҳаммадов ва нишони фахриро ба гардани Эмомалӣ Раҳмон овехт.

Дар ин маросим президентҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба по хеста, кафкӯбӣ карданд. Ин нахустин нишони фахрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки ба раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим шуд.
Таъкид гардид, ки нишон ба президенти Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ супорида шудааст.