Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо

Раҳбари Туркманистон ҳамтоёнашро барои сайру гашт ба соҳили баҳри Каспий бурд. Пасон кишвардорон дар шаҳри Туркменбошӣ гашту гузор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Аксҳои президентҳои Осиёи Марказӣ аз сайру гашташон дар шаҳри Туркменбошӣ нашр шуданд.
Ак суратҳо дида мешавад, ки ҳамаи кишвардорон ғайр аз президенти Тоҷикистон бо либоси варзишӣ гашту гузор мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар тан яктаки кабудранг, болопӯши ширчойранг ва шимҳои ҷинс дорад.
Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев - либоси варзишии олимпӣ пӯшидаасту, дар тани меҳмондор - раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов либоси варзишии сафед аст.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Қосим Ҷомарт Тоқаев
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов либоси варзишии рангаш кабуди баланд дораду президенти Ӯзбекистон либоси ранги сиёҳ ба бар кардааст.
Встреча президентов стран Центральной Азии в неформальной обстановке на берегу Каспийского моря
Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.
Ба гуфти котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.
Дидори сарони кишварҳои ОМ дар Туркманистон: дар соҳили баҳр "бе галстук"
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.