ДУШАНБЕ, 6 август - Sputnik. Нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.
Гуфта мешавад, нахст сарони кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон як силсила музокирот дар маркази конгресси Аваза баргузор мегунанд.
Тахмин меравад, ки мавзӯъҳои калидии муколама рушди иқтисодҳо, масоили энержӣ, рушди равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳама сатҳҳо, инчунин вазъ дар Афғонистон хоҳад буд.
Пас аз мулоқот, президентҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишварҳои "панҷгона" -и Осиёи Марказӣ дидан мекунанд ва дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои минтақа хӯрок мехӯранд.
Ҳамчунин интизор меравад, ки дар Туркманистон консерти густурдаи навозандагони Осиёи Марказӣ баргузор шавад.