Россотрудничество тартиби вуруди донишҷӯёни хориҷиро ба Русия шарҳ дод

Вазорати маориф ва илми Русия барои фаҳмондани тартиби вуруд ба кишвар дар замони ҳамагирӣ, хатти боварӣ роҳандозӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳарчанд ҳамагирии коронавирус идома дорад, соли хониш дар Русия бетағйир - аз 1 сентябр оғоз мешавад.
Дар ин бора дар Россотрудничество дар як нишасти матбуотӣ хабар дода шуд.
"Додани иҷозаи вуруд ба кишвар салоҳияти мо нест. Аммо мо ҳуқуқи хориҷиёне, ки барои омӯзиш меоянд, ҳимоя мекунем ва аз мақомот хоҳиш менамоем, ки вурудро иҷозат диҳанд", - гуфт роҳбари оҷонсӣ Евгений Примаков.
Феълан гурӯҳи шаҳрвандоне метавонанд барои таҳсил ба Русия биёянд, ки тибқи фармони ҳукумати Русия ба кишварашон иҷозаи вуруд дода шудааст ва ин рӯйхат доимо тағйир меёбад.
Ба Русия донишҷӯёни хориҷӣ бештар аз Тоҷикистон меоянд
Сухан дар бораи фармони рақами 636 меравад, ки дар замимаи N1 - и он, айни замон 50 давлат номбар шудаанд, ки шаҳрвандони онҳо барои вуруд ба Русия иҷозат доранд, гуфт Евгений Примаков.
Аммо, агар кишвар дар ин рӯйхат набошад, имкони ворид шуданро ба таври инфиродӣ баррасӣ кардан мумкин аст.
"Дар аксари маворид масъалаҳои воридшавӣ аз ҷониби донишгоҳ назорат карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар навбати худ аз Вазорати маориф ва илм иҷозати дохилшавӣ дархост кунанд", - гуфт Евгений Примаков.
Инчунин, ба гуфти роҳбари Россотрудничество, дар назди Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Русия як марказ бо хатти боварӣ барои донишҷӯён амал мекунад: +7 (495) 198-00-00. Бо истифода аз ин рақам, имкон аст, қоидаҳои вуруд барои кишвари дилхоҳ мушаххас карда шавад.
Талаботи тиббӣ барои ҳама яксон боқӣ мемонад: донишҷӯ бояд пеш аз расидан ба Русия на дертар аз 3 рӯзи тақвимӣ аз санҷиши ПСР - и коронавирус гузарад. Санади ташхиси манфӣ бояд бо забонҳои русӣ ё англисӣ навишта шуда бошад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ихтиёрӣ: дар Русия ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ ба зиммаи донишгоҳҳо вогузор шуд
Пас аз расидан ба Русия, донишҷӯ бояд бори дигар аз ташхиси коронавирус гузарад. Агар то расидани донишҷӯ ба макони таҳсилот, соли хониш оғоз шуда бошад, донишҷӯ метавонад дар дарсҳо танҳо онлайн иштирок кунад ва пас аз гирифтани ташхиси коронавирус озими донишгоҳ шавад.
Дар мавриди эмгузаронии донишҷӯён ва эътирофи шаҳодатномаҳои хориҷии ваксинзанӣ, Евгений Примаков гуфт: ин масъалаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия баррасӣ мешаванд.
"Масъалаҳои эмкунӣ ва эътирофи ваксинаи хориҷӣ ҳоло аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия коркард мешаванд. Яъне мо бояд бифаҳмем, ки бачаҳо бо кадом навъи ваксина эм шудаанд. Масъалаи эътирофи ваксинаҳои Pfizer, AstraZeneca ва дигарон барои убури марзи мо бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҳал карда шавад", - гуфт ӯ.