ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Феълан беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ дар Русия қарор доранд, хабар медиҳад, "ВКД Медиа".
Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Александр Горовой дар доираи мулоқоти онлайн бо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина изҳор дошт.
"Имрӯз беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои узви ИДМ дар "соя" ҳастанд", - гуфт ӯ.
Тавре хабар дода шуд, аз моҳи июни соли равон президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия замони ҳамагирии COVID-19 имзо кард.
Ҳамин тариқ, то 30 сентябри соли 2021, хориҷиён аз қаламрави кишвар депорт карда намешаванд, ба истиснои қонуншиканӣ.
Тибқи талабот, шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2020 ба Русия омадаанд ва то 16 июни соли 2021 барои будубош дар ин кишвар ягон асос надоранд, метавонанд то охири моҳи сентябр ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирро баррасӣ мекунанд ва дар сурати посухи мусбат, муҳоҷир метавонад бидуни убури марз дар Русия бимонад.