Раҳмону Бердимуҳаммадов вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, масоили амниятӣ, мубориза бо терроризм ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президентҳои Тоҷикистону Туркманистон изҳор доштаанд, ки мушкилоти амниятӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо ба ҳам алоқаманданд.
Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар изҳороти муштарак таъкид намудаанд, ки эътидоли сареи вазъи сиёсӣ ва барқароршавии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Сарони давлатҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди пойдори он кишвар мусоидат хоҳад кард, қайд намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон талошҳои Туркманистонро баҳри татбиқи тарҳҳои инфрасохтории транзитию нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳо, ки ба ҷалб намудани Афғонистон ба низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, баланд арзёбӣ намуд.
Тасдиқ шуд: ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистон кори дасти Толибон* аст
Ин дар ҳолест, ки ҷонибҳо аз чанд соли пеш сари тарҳи роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон кор мекунанд.
Президентҳо ҷонибдорияшонро ҳалли мусолиматомези низоъҳо баён доштаанд. Инчунин вохуриҳои мунтазами машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои таҳкими дӯстӣ ва эътимод дар минтақа муҳим хондаанд.
Раҳмон ва Бердимуҳаммадов созиш кардаанд, ки дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳои байналмилалиро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам байналмилалӣ васеъ хоҳанд кард.