Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" ба Тахор – вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон расид

Шаби гузашта ҳазорон нафар сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи "Толибон"* қарор дорад, бо нидоҳои "Аллоҳу Акбар" ба кӯчаҳо рехтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Бо илҳом аз ҷунбиши такбир дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.
Дар ин бора Атоуллоҳ Убайдӣ, рӯзноманигори тахорӣ, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
“Онҳо бо ин ҳаракати таърихӣ дар воқеъ ба душман фаҳмонданд, ки мардуми Тахор ҳамонгуна, ки дар гузашта ба зулму зӯр ва таҷовуз таслим нашуданд, нахустин ҳастаи муқовамати миллиро дар сатҳи кишвар ташкил дода ва ба маркази муқовамати миллӣ табдил шуданд”, - гуфт Атоуллоҳ Убайдӣ.
Ӯ афзуд, ки дар фасли дувуми муқовамат низ Толиқон нахустин шаҳрест, ки мардуми муқовими он бештар аз ду моҳ мешавад дар баробари ҳуҷумҳои паиҳам ва сангини душман шуҷоъона ва сарсахтона муқовамат мекунанд.
“Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд.
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
Ҷангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд.
Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар”: фарохони Исмоилхон аз мардуми Ҳирот
Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.