Завқизода гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст

Вазири иқтисод ва савдо гуфт дар Тоҷикистон чӣ қадар мардум зери хати фақр зиндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Завқи Завқизода вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон 26,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вай, тибқи стратегияҳои қабулшуда, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 аз ҳисоби рушди иқтисод, таъмини ҷои кор ва болобурдани бахши иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ тадриҷан поин бурда мешавад.
Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар даҳсолаҳои ахир иқтисоди Тоҷикистон сустарин рушдро нишон додааст ва ба ҳамин хотир суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ суст хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то паҳншавии вируси корона сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поин мерафт.
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пул дод: хонаводаҳои камбизоат кумаки молӣ мегиранд
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Завқи Завқизода гуфта буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.
Тибқи иттилои хабаргузории “Авеста” аз соли 2018 то соли 2019 дар вилояти Хатлон, ВМКБ болоравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида мешуд, аммо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд поинравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида шуда буд.
Дар минтақаҳои деҳотӣ коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ суст шуд, дар ҳоле, ки дар солҳои 2018 то 2019 сатҳи камбизоатӣ миёни сокинони шаҳрнишин коҳиш ёфтааст аз 21,5 дарсад то 18,4 дарсад. камбизоатӣ дар деҳот 30,2 дарсадро ташкил медод.
Эҳтимол дорд бинобар паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон дар солҳои наздик коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида нашавад.