Юлдуз Усмонова дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунад

Примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар минтақаи сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон консерт баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар доираи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон, ҳунарнамоӣ мекунад, хабар медиҳад Orient.
Ёдрас мешавем, ки 6 август дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза консерти устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ инчунин фарҳангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард, аммо то ҳол исми ҳунармандон аз дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон, эълон нашудааст.
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видео
Консерти дарпешистодаи Юлдуз Усмонова ва дигар ҳунармандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар осоишгоҳи "Аваза" рухдоди муҳими фарҳангӣ хоҳад буд.
Ба репертуари овозхон беш аз 600 суруд бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, тоҷикӣ, форсӣ ва ғайра дохил мешавад.
Юлдуз ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон аст.
Сӯҳбати ошкорои Юлдуз: фирор аз Ватан, пешхизматӣ ва "хуни тоҷикӣ"-ю духтархондӣ бо Шабнам
Ёдовар мешавем, ки "Аваза" минтақаи сайёҳии миллӣ буда, дар соҳили баҳри Каспий, дар шаҳри Туркманбошӣ ҷой дорад.
"Аваза" - як маҷмааи сайёҳии муосир бо меҳмонхонаҳо аз мармари сафед ва марказҳои фароғатӣ, коттеджҳо барои истироҳати оилавӣ, пансионатҳо ва осоишгоҳҳо барои кӯдакон ва калонсолон мебошад.