ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ зимни суҳбат дар мавриди вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2021 беш аз 3600 соҳибкори инфиродӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифтаанд.
“Аз ҷумла аз ҷониби Раёсати андози вилоят 2 ҳазору 453 нафар соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1162 нафар бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардиданд”, - навиштааст нашрияи ҳукумати маҳаллӣ, “Оинаи зиндагӣ” аз қавли Файзов.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 3 миллиону 303,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Дар мавриди андозбандии бахши кишоварзӣ зикр шудааст, ки аз ҳисоби 954 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблази 113,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Файзов гузориш додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи шашмоҳа 103,9 миллон сомониро ташкил додаст, ки дар қиёс бо соли гузашта 48,1 миллион сомонӣ ё 86,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 55 адад гуфта шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130,4 миллион сомонӣ ташкил додаст, ки нисбати соли гузашта ҳамагӣ 0,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб маҳсулоти чорводорӣ 128,6 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.