Навори оғози размоиши муштаракро Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон нашр кардааст.
Дар оғози машқҳои муштараки Ӯзбекистону Русия ноиби фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, генерал – майор Николай Терешенко ва ноиби вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар умури омодагии ҷангӣ, полковник Қодир Турсунов ширкат доштанд.
Дар пайи бардоштани парчами Русия ва Ӯзбекистон зери навои сурудҳои миллии ду кишвар гузашт оғоз гардид.
Дар маҷмуъ дар размоиш ҳудуди 1,5 ҳазор низомӣ бо истифодаи 300 адад техникаи ҳарбӣ ширкат мекунанд.
Дар пасманзари шиддати вазъ дар Афғонистон нерӯҳои Русия якҷоя бо қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон силсилаи размоишҳоро роҳандозӣ кардаанд.