ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҳодисаи куштор дар заминаи шаробмастӣ рух додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 30 июл, соати 23:30 дақиқа дар соҳили канали обгузари ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун рух додааст.
Гуфта мешавад, сокинони ноҳияи Ҷайҳун назди соҳили канал машруботи зиёд истеъмол намуда, сипас миёни онҳо муноқиша бархост.
"Марди 32 - сола бо мушту лагад ба қисмати сару рӯи марди 42-сола якчанд зарба зада, ӯро беҳуш кард", - омадааст дар хабар.
Зимнан, аз ҷайби марди беҳушшуда 300 сомонӣ гирифта аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон аз даст дод.
ВУД Тоҷикистон маегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 110 қисми 3 ва 249 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.