ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов навори меҳмондорияшро дар Бишкек нишон дод.
Нурмуҳаммадов ҳарчанд соати 4 - саҳари 3 август ба Бишкек расид, вале писарони Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев барои ӯ хони пурнеъмат оростанд.
Аксу навор аз ин меҳмондориро Ҳабиб дар сафҳаи Instagram нашр намуда, мегӯяд, чӣ гуна бояд "диета" риоя кард, вақте соати 4 -и субҳ ингуна дастрахон ороста мешавад.
Бояд гуфт, ки собиқ қаҳрамони UFC ҳамчун меҳмони фахрӣ дар сабқати Eagle Fighting Championship (EFC 38), ки дар Чолпон-Отаи баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Дар доираи ин мусобиқа, 19 размоиш баргузор мешавад. Набарди асосӣ миёни Руслан Яманбоев (Русия) ва Бусурманқул Абдибаит уулу (Қирғизистон) доир мешавад. Дар ин мусобиқа размовари рус камарбанди худро ҳимоя мекунад.
Бори нахуст Ҳабиб соли 2018 ба Қирғизистон сафар кард ва он замон бо мухлисони худ вохӯрӣ баргузор намуда буд.