Варзишгарони 17 давлати дунё дар Душанбе қувваозмоӣ доранд

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис оғоз ба кор намуд, ки то 7 август идома хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис шурӯъ шуд, ки ба 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Бар хабари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мусобиқа барои наврасон буда, дар он 60 варзишгар аз 17 давлати дунё иштирок ва қувваозмоӣ мекунанд.
Варзишгарон аз ҷумла аз кишварҳое чун, Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус меҳмони Тоҷикистон гардиданд.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Маври ба зикр аст, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон гузаронида мешавад.
Мусобиқа то 7 августи соли равон идома мекунад ва ғолибони он соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон хоҳанд гардид.