ДУШАНБЕ, 2 август - Спутник. Дар Афғонистон ҷанги хунини шаҳрвандӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ оғоз шуда метавонад, гуфт собиқ сардори Хадамоти иктишофии ва фармондеҳи собиқи контингенти байналмилалии ИМА генерал Дэвид Петреус.
"Дар бадтарин сенария, мо метавонем ҷанги хунин ва бераҳмонаи шаҳрвандиро бубинем, ба мисли ҷанги солҳои 90 -ум, ки Толибон* ғалаба карда буданд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии The Times.
Петреус дар сурати пирӯзии Толибон* баргаштани қалъаи созмони террористии Ал-Қоидаро* истисно накард.
"Ман фикр намекунам, ки он дар ояндаи наздик ба ИМА ва Аврупо таҳдид карда тавонад <...> Аммо барои Ал-Қоида* осонтар хоҳад буд, агар Толибон* назоратро дар ихтиёр гиранд", - гуфт генерал.
Ба андешаи ӯ, хуруҷи нерӯҳо Иёлоти Муттаҳида аз арзишҳое, ки барои онҳо мубориза мебурданд, даст кашидан аст.
"Қисми боқимондаи ҷаҳон хоҳанд дид, ки мо демократия ва арзишҳоеро, ки дар саросари ҷаҳон тарғиб мекунем, дастгирӣ намекунем - ҳуқуқи инсон, бахусус занон, ҳуқуқи таҳсил, озодии сухан ва матбуот - ҳамаи ин албатта аз Афғонистони кунунӣ каме дур аст, аммо хеле беҳтар, назар ба он ки агар Толибон* режими исломии асримиёнагиро барқарор кунанд", - гуфт директори собиқи Хадмоти иктишофӣ.
Вай афзуд, ки агар Толибон* пирӯз шаванд, миллионҳо паноҳандагон ба Покистон ва дигар кишварҳо мешитобанд ва озодии сокинони маҳаллӣ, бахусус занон, коҳиш хоҳад ёфт.
"Агар мо иродаи қавию монданро нишон медодем, дар музокирот бо Толибон* мавқеи хеле қавитаре доштем. Аммо агар ба душман гӯем, ки мо меравем, чаро онҳо аз чизе даст мекашанд? Чаро мо дар бораи имкони мондани 3,5 ҳазор сарбоз фикр накардем, то ба Толибон* аз баргардонидани теократияи ултсервативии исломгаро, ки ба манфиати касе ҷавобгӯ нест, монеъ шаванд", - илова намуд Петреус.
Вай мутмаин аст, ки Амрико метавонист ҷанги шаҳрвандиро дар Афғонистон пешгирӣ кунад, аммо пас аз хуруҷи нерӯҳо хунрезӣ идома хоҳад ёфт ва танҳо бадтар хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Ал-Қоида* ва Толибон* - созмонҳои террористии дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ.