ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Раиси Додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода, дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳама бештар кормандони идораи кишоварзӣ ва тандурустӣ, барои содир намудани ҷиноятӣ коррупсионӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар омори парвандаи мансабдорони судшуда кормандони ҳукумат, вазорати корҳои дохилӣ, идораи заминсозӣ ҳам шомил будаанд.
“Парвандаи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта нисбати 4 корманди вазорати корҳои дохилӣ, 2 корманди муассисаи ислоҳӣ, 1 корманди вазорати адлия, 2 нафар аз кумитаи андоз, 2 корманди кумитаи замин, 7 намояндаи мақомоти иҷроия, 14 корманди тандурустӣ, 5 корманди хоҷагии манзил, 1 нафар аз муҳити зист, 17 корманди кишоварзӣ 17 ва 2 корманди бонк баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин нисбати 2 нафар корманди соҳаи саноат, 1 корманди соҳаи сохтмон, 1 корманди соҳаи нақлиёт, 3 нафар аз соҳаи алоқа, 25 соҳибкор ва 12 нафар аз дигар соҳаҳо, баррасӣ карда шудааст”, гуфт Оқилзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли соли ҷорӣ аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд дар марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар умум 19 170 адад парвандаҳои граджданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.
Аз ин шумора 1695 адад парвандаҳои ҷиноятӣ гуфта мешавад.