ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафари корӣ дар Олмон қарор дорад.
Раҳмон дар ҳошияи сафар бо прокурори генералии Олмон Ҷаноби Доктор Петер Франк, мулоқот намуда, "истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта"-ро баррасӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз масоили муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муаташакили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва ғайра гуфтаанд.
"Ҳамчунин, парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд", - менависад манбаъ.
Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалияи Олмон низ мулоқот кардааст.
Сафари прокурори генералии Тоҷикистон аз 27 июл оғоз ёфта, феълан идома дорад.