ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Аброр Назаров овозхони машҳури эстрадаи тоҷик пас аз бемории падараш -Далер Назаров, гирифтори вируси корона шуд.
Дар ин бора сароянда дар сторисаш дар Instagram хабар додааст.
Ӯ бо нашри аксе бо сӯзандорӣ, аз ҳайбати вирус гуфтааст ва аз дӯстону мухлисонаш даъват кардааст, ки худро эҳтиёт кунанд.
"Вируси корона - дӯзах аст. Дӯстон худро эҳтиёт кунед", - навиштааст Аброр Назаров.
Ёдрас мешавем, ки пештар дар бораи сироятшавии падари Аброр - Далер Назаров хабар дода шуд.
Як манбаъ аз доираҳои наздик ба хонаводаи сароянда ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки вазъи ҳунарманд пас аз сафараш ба Хуҷанду Бадахшон бад шуд. Гуфта мешуд, ки маэстро дар хонааш табобат мегирад.
Бояд гуфт, имрӯзҳо вазъи коронавирус дар Тоҷикистон вахим шудааст. Вазорати тандурустии кишвар ҳар рӯз аз гирифтори шумораи зиёди мардум ба ин вирус ва маргу мир хабар медиҳад.
Тибқи омори охири Вазорат, шабонарӯзи гузашта дар кишвар 84 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ошкор гардида ва як тан ҷони худро аз даст додааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии вируси корона то 28 июл дар Тоҷикистон 14845 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14313 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.