Қаллобии сокини Душанбе: ду "Лексус" гирифту ваъда дод се рӯз пас маблағи онҳоро медиҳад

Нисбати ҷавони 31 - сола бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сокини Душанбе барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 21 июни соли ҷорӣ аз сокини 41 - солаи деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдаки ду мошини гаронбаҳоро нарх монда, гирифтааст.
Тамғаи мошинҳои гирифташуда яке "Лексус IХ 470" ва дигаре "Лексус RХ 350" буда, нархи фурӯши онҳо 619 ҳазору 445 сомонӣ муайян шуд.
"Тибқи маслиҳат, маблағи мошинҳо бояд бо гузашти се рӯз ба соҳиби онҳо супорида мешуд, аммо ин кор то ҳол ҳам сурат нагирифтааст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Гуфта мешавад, сокини пойтахт ҳар ду мошинро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст.
Қаллобӣ: зан мошини гаронбаҳоро азхуд карду мард 10 ҳазор доллар гирифту надод
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.