Низомиёни амрикоӣ барои кӯчидан ба наздикиҳои Русия омода мешаванд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik, Софя Мелничук, Ксения Мелникова. ИМА рӯз то рӯз бештар аз Шарқи Наздик дур мешавад. Ҳарбиёнашонро аз Афғонистон бароварданд ва вазифаашонро дар Ироқ низ хотима медиҳанд.
Терроризм нест карда шуд, таъкид меварзанд намояндагони расмии ИМА. Вале ин суханон метавонанд, танҳо пардаи сиёсӣ бошанд. Низомиёни амрикоиро акнун куҷо равон мекунанд ва оё дар Ироқ ҳаёт мисли пештара ором мешавад? Дар ин бора дар маводи РИА Новости бихонед.

Баромади дуюм

"Ироқ барои ИМА муҳим аст ва мо дар тӯли фаъолиятамон дар ин самт кор кардем", - бо чунин суханон президенти ИМА Ҷо Байден мулоқоти худро бо сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ оғоз кард. Кишвардори кунунӣ соли 2003, замоне, ки ИМА вориди Ироқ шуд, сенатор буд.
Бори аввал Кохи Сафед дар бораи кӯшиши хотимаи амалиётҳои ҷангӣ соли 2010 сухан гуфта буд. Вале пас аз чаҳор сол амалиёти зидди ДОИШ* -ро шурӯъ шуд.
Акнун Ҷо Байден расман аз хотимаи амалиёт дар Ироқ эълом кард: "Кори мо дар Ироқ бо дастрас будан, идомаи омӯзиш ва кумак ба қувваҳои амниятӣ хотима меёбад", - шарҳ дод президент.
Мусъулияти таркишҳо дар назди Қасри Ғаниро ДОИШ* бар дӯш гирифт: расонаҳо
Тафсилоти бештар ироа нашуд. Байден ҳатто ба суоли рӯзноманигор дар бораи мондани низомиён то моҳи декабр чизе посух надод. "Ин аз вазъи онвақта вобаста хоҳад буд", - шарҳ дод спикери Кохи Сафед Ҷем Псаки.
Пентагон қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида "набояд мушкилоти Шарқи Наздикро нодида гирад, балки ба ҳалли онҳо бо дигар роҳ наздик шавад". Дар кишвар чанд нафар низомиён боқӣ хоҳанд монд. Тамоми таваҷҷуҳ ҳоло ба - "таҳдидҳои Чин ва Русия".
Тибқи маълумоти охирин, дар Ироқ 2500 сарбози амрикоӣ қарор доранд, дар охири соли гузашта президент Доналд Трамп аллакай контингентро коҳиш дода буд. Ягона пойгоҳи амрикоии Айн ал-Асад 160 километр шимолтар аз Бағдод ҷойгир аст.

Хавфҳои боқимонда

Сарфи назар аз эълони пирӯзӣ бар ДОИШ* дар соли 2017, ҳамлаҳо идома доранд. Ҳафтаи гузашта терористон масъулияти таркиши автобус дар назди бозори Бағдодро ба ӯҳда гирифтанд. Ҳадди аққал 30 нафар кушта шуданд.
Ба амрикоиҳо воҳидҳои мусаллаҳе, ки аз ҷониби Эрон дастгирӣ мешаванд, ҳамла мекунанд. Моҳи март ба пойгоҳи Айн ал-Асад ҳамлаи мушакӣ доир шуд, ки дар паи он як нафар кушта шуд. Моҳи май ба пойгоҳ як дрон бо маводи тарканда ҳамла кард, моҳи июли соли равон боз мушакҳо партофта шуданд ва се нафар захмӣ гардиданд.
Мустафо ал-Козимӣ дӯсти Вашингтон ҳисобида мешавад. Вай кӯшиш кард, гурӯҳҳои марбут ба Эронро решакан кунад. Ҳамзамон, ӯ ҳамлаҳои ҳавоии ахири Амрикоро алайҳи воҳидҳои тарафдори Эрон дар марз бо Сурия маҳкум кард, ки истиқлолияти Ироқро вайрон мекунад.
Расонаҳо: ДОИШ ба пойгоҳи артиши Ироқ ҳамла кард
Иёлоти Муттаҳида, дар навбати худ, муваффақиятҳои сарвазирро дар барқарорсозии кишвар қайд кард. Моҳи июн, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ва президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, аввалин раҳбаре, ки солҳои 90 - ум нахустин шуда аз ин кишвар боздид кард, ба Бағдод омаданд.
Иёлоти Муттаҳида инчунин ваъда додааст, ки тавассути барномаи байналмилалии COVAX ба Ироқ 500,000 доза ваксинаи Pfizer интиқол медиҳад. Байден гуфт, ки дору дар ду ҳафтаи оянда хоҳад расид. Сироятёбӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст ва оташсӯзӣ низ дар беморхонаҳо бештар шудааст.
Ғайр аз ин, Вашингтон барои як ҳайати СММ барои назорати интихоботи парлумонӣ дар моҳи октябр - 5,2 миллион доллар ҷудо мекунад. Ба гуфти коршиносон, ал-Козимӣ дар он ҷо шонси хеле хуб дорад.

"Пардаи сиёсӣ"

Бо вуҷуди ин, ҳамаи коршиносон қайд мекунанд, ки дар бораи хуруҷи пурраи ИМА аз Ироқ сухан намеравад.
Елена Супонина, сиёсатшинос ва коршиноси Шӯрои корҳои байналмилалии Русия мегӯяд, Вашингтон барои ин платформаи муҳими стратегӣ мубориза мебурд. Изҳорот дар бораи хуруҷи нерӯҳо, ба ақидаи вай, "пардаи сиёсӣ" аст, зеро ваъдаҳои ба интихобкунандагони амрикоӣ додашуда бояд иҷро шаванд.
Афкори ҷамъиятии Ироқ низ муҳим аст. "Сиёсатмадорони маҳаллӣ ба Мустафо ал-Козимӣ фишор меоранд. Вазъи сиёсии кишвар ором нест, мавқеи сарвазир чандон қавӣ нест", - гуфт вай.
Ҳафт сол пеш, вақте ки иёлот ба Ироқ баргаштанд, ҷанг бо терроризм воқеият буд, хотиррасон мекунад шарқшинос Андрей Онтиков. "Вақте Доналд Трамп ба пойгоҳи Ироқ парвоз кард, сафири ИМА тақрибан ба сарвазири Ироқ амр дод, ки ба он ҷо рафта, бо президент мулоқот кунад. Вай ин талабро рад кард. Ин ҳодиса дар ВАО пайдо шуд ва ба як ҷанҷоли бузург табдил ёфт", - гуфт манбаъ.
Созиш ҳосил шуд: замони хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ эълом гашт
"Ва он гоҳ амрикоиҳо дар фурудгоҳи Бағдод Сулаймониро куштанд. Боз онҳо дар бораи зарурати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сӯҳбат карданд".
Аммо, эҳтимол дорад, ки низомиёни ИМА ба зудӣ ба ватан барнамегарданд, мегӯяд Данила Крилов, муҳаққиқи Маркази шарқшиносӣ. "Ба эҳтимоли зиёд, ин кор чун анъана бо гузариш аз як кишвари арабӣ ба кишвари дигар - дар ин маврид, ба Сурия анҷом хоҳад ёфт. Вазорати мудофиаи Русия борҳо гузориш додааст, ки нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба пойгоҳҳои Сурия кӯчиданд", - шарҳ медиҳад коршинос.
Аз эҳтимол дур нест, ки қароргоҳ ва марказҳои ҷамъоварии иттилоот дар Ироқ аз артиш ба блоки дипломатӣ гузаранд. "Кайҳо маълум аст, ки амрикоиҳо масунияти дипломатиро барои хадамоти иктишофӣ ва дигар хадамоти махсус истифода мебаранд", - афзуд Крилов.

Тамаркуз ба Чин

Аксари амрикоиҳо бар инанд, дар ҳоле, ки онҳо бидуни таваҷҷӯҳи зарурӣ ба минтақаҳои дигар бо терроризм мубориза мебурданд, Чин дар Шарқи Дур қувват гирифт. Ҳоло ин таҳдиди асосӣ барои Иёлоти Муттаҳида аст ва тамоми қувваҳо бояд ба он ҷо партофта шаванд. Чанд муддат аст, ки афзалият на марказӣ, балки фармондеҳии низомии Уқёнуси Ором аст.
Максим Сучков, директори Маркази таҳқиқоти амрикоӣ дар МГИМО мегӯяд, мантиқи давраи нави муқовимати қудратҳои бузург бо Чин Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур мекунад, ки ҳадафҳояшро аз нав дида барояд ва диққати худро дигар кунад.
Сӯхтори мудҳиш дар бемористони Ироқ 77 кушта бар ҷо гузошт: видео
"Муқовимат метавонад тӯлонӣ бошад, ин маънои онро дорад, ки бояд дар истифодаи захираҳо ҳушёр буд. Ховари Миёна кайҳост, ки Вашингтонро ба худ мекашад, аммо кӯшишҳои Обама ва Трамп барои навъе ҳузури низомӣ дар он ҷо бо муқовимати Пентагон рӯбарӯ шуданд", - мегӯяд ӯ.
Аммо агар хулоса кунем, натиҷаҳои хуб нестанд: амрикоиҳо ба сохтани системаи мустақили мудофиа дар Ироқ муваффақ нашуданд. Бо рафтани онҳо сулҳу оромӣ нахоҳад омад, таҳдиди терроризм аз байн нахоҳад рафт. Вақт нишон хоҳад дод, ки мушовирони амрикоӣ дар шароити нав чӣ гуна кор хоҳанд кард.
*Ташкилотҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст