Ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳим дар Айнӣ: сафари Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнии Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодиро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ иштирок намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши саршумори қутос ва ҳифзи ҳайвоноти нодир, зиёд намудани майдони гиёҳҳои шифобахш ба масъулони хоҷагии ҷангал дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ба таъкиди роҳбари давлат, табиати ноҳияи Айнӣ, хусусан водии Яғноб ва Фон барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши қутос бисёр мувофиқ буда, бо ин роҳ метавон бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин намуд.
Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз ноҳияи Айнӣ то шаҳри Бӯстон
Сипас тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дафтари матбуоти президент иттилоъ додааст, ки мактаб аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дар ноҳияи Айнӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон 27 бинои нави таълимӣ бо муосиртарин шароити таълиму тарбия ба истифода дода шуд.
манбаъ иттилоъ додааст, ки дар маҷмӯъ дар ноҳияи Айнӣ 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки 55 ададаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11-тои дигар муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, инчунин раисҷумҳури кишвар дар деҳаи Хушекати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корхонаи парандарварии “Мурғи Султон”-ро ифтитоҳ кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рафт: котибот мақсади сафарро гуфт
Қайд карда шудааст, ки айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо. дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.
“Дар корхона шурӯъ аз назорати ҳарорати ҳаво то ҷамъоварии тухму таъмини хӯроки паранда ба таври автоматӣ тавассути муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки аз Олмон дастрас карда шудаанд, анҷом дода мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон” низ бо истифода аз имтиёзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шароф Султон сохта шудааст.
Ҳамзамон ба иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳур, сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода дод.
Раҳмон ба маъракаи савгандёдкунии Президенти Эрон намеравад: сабабашро Муҳриддин шарҳ дод
Иттилоъ дода шудааст, ки нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури шумораи зиёди сокинон яке аз рамзҳои давлатдорӣ-Парчами миллиро барафрохтанд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст.
Сипас, Президенти кишвар дар майдони Нишони давлатӣ аз болои лавҳаи рамзӣ парда бардошта, бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи он гулчанбар гузоштанд.
Дар маркази ноҳияи Айнӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро ифтитоҳ кард.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои кӯҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев
Гуфта шудааст, ки соҳибкор нақша дорад дар оянда филиалҳои коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро дар деҳоти ноҳияи Айнӣ ташкил намуда, занону бонувони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро ифтитоҳ кард.
иттилоъ дода шудааст, ки фермаи нав барои парвариши 200 сар чорвои калони шохдор дар як вақт пешбинӣ шуда, пас аз парвариши яксола аллакай чорво барои забҳ омода мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фермаи мазкур говҳои зоти “Сементал”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидаанд, нигоҳубин карда мешаванд.
Барои парвариш ва нигоҳубини дурусти чорво дар ин ҷо мутобиқ ба талаботи муосир имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили ферма ва атрофи он, ки барои нигоҳубини чорвои калони шохдор пешбинӣ гардидааст, бо шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд
Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол фермаи мазкур иқтидор дорад то 40 тонна гӯшти хушсифатро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш барорад. Маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва худи ноҳияи Айнӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Қозиев ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти худӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои соҳиби кор шудани 20 нафар сокини ноҳия боис гардид.
Айни замон саршумори умумии чорвои калон дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Айнӣ 33 ҳазору 371 сарро ташкил медиҳад ва ин рақам ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар ин баробар, кишоварзон ва хоҷагидорон 134 ҳазору 422 сар моли майдаро нигоҳубин ва парвариш намуда, ба ин васила дар баланд бардоштани истеҳоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ҳиссагузорӣ мекунанд.