ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Зулобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон дар бахши маориф иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2021 - 22 ба Литсейи Оқохон дар умум 260 нафар довталаб барои дохил шудан ба синфи тайерӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ҳудуди 55 дарсадашон қабул шудаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ аз қавли Мамадфозилов иттилоъ дод, ки аз 260 нафар дар натиҷаи арзебӣ 142 нафар ба гуруҳҳои забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дохил шудаанд.
“Ба хотири пурра омӯхтани ҳар се забон роҳбарияти Хадамоти Оқохон оид ба маориф ният дорад дар оянда фанҳои дақиқро дар ҳамаи гуруҳҳо аз ҷумла дар гуруҳи тоҷикӣ ба забони англиси ба роҳ монад. Фанҳои гуманитарӣ дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони тоҷикӣ ва забону адабиёти рус дар ҳамаи гуруҳҳо ба забони русӣ гузаронида хоҳанд шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Ёдгор Файзов дар мулоқот аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки волидон бисёр мехоҳанд фарзандонашон дар Литсейи Оқохон таҳсил намоянд, вале аз сабаби камчинии ҷой онҳо бенасиб ва дилшикаста мешаванд, ки ин ба руҳияи кӯдак низ таъсири манфӣ дорад.
“Хуб мешуд, ки Хадамот синфҳои иловагиро дар шаҳр ба иҷора гирифта шумораи синфҳоро зиёд намояд”, - изҳор доштааст Файзов.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Мамадфозилов Зулобӣ таклифро дастгирӣ намуд, вале қайд кард ки дар чунин ҳолат ба муаллимони донандаи забони ангилисӣ бештар ниёз хоҳанд дошт.
Инчунин зикр шудааст, ки Хадамот ният дорад, дар ҳар як ҷамоати деҳот як маркази рушди барвактии кӯдакро таъсис диҳад, ки роҳбарияти вилоят аз он истиқбол кардааст. Файзов омодагии хешро барои таъмини синфхона ва расмиёти қонунии ташкили ин марказҳо баён намудааст.