ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Аъзои созмонҳои террористӣ метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти харияш изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, мумкин аст дар кишвар намояндагони чунин гурӯҳҳое, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, ба мисли Алқоида, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ пайдо шаванд.
Муҳриддин таъкид кард, ки ҷумҳурӣ барои қабули афғонҳо омода аст, аммо мақомот ҳанӯз омода нестанд, ки шумораи дақиқи онро бигӯянд.
"Мо бояд барои гурезагон шароити муайяне фароҳам оварем, то паҳншавии коронавирус зиёд нашавад, аз ин рӯ, мо ҳанӯз омода нестем, ки шумораи дақиқи гурезаҳоро, ки барои қабули онҳо омода ҳастем, номбар кунем", - гуфт вазир.
Қаблан муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Эмомалӣ Иброҳимзода омодагии Тоҷикистонро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон эълон карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ омода аст, ки дар қаламрави худ тақрибан 100 ҳазор гурезаро ҷойгир кунад. Онҳо метавонанд дар майдонҳои таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир карда шаванд.
Иброҳимзода таъкид кард, ки мақомот "иқтидори кишварро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзанд."