ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъалаи қабули шаҳрвандони Афғонистон, ки бо низомиёни ИМА ҳамкорӣ мекарданд, баррасӣ нашудааст, гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Сарбозон ва мардуми осоишта борҳо аз сабаби ҳамлаи ҷангиён марзи Тоҷикистонро убур кардаанд.
Дар аввали моҳи июл мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муроҷиат карданд, ки 9000 сокини афғонро, ки ба амрикоиҳо кумак мекарданд, қабул кунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.