ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Пизишки рус, Александр Мясников мегӯяд, тирамоҳи имсол боз мавҷи нави бемории коронавирус авҷ мегирад. Ӯ гуфт, вазъияте, ки ҳоло мавҷуд аст, моҳи оянда рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва моҳҳои сентябр, октябр низ ҳолати гирифторшавии мардум ба ин вирус мӯътадил хоҳад буд.
Ба боварии ӯ, мавҷи нав аз моҳи ноябр сар мезанад.
Аз ин рӯ, пизишк тавсия додааст, ки то моҳи ноябр мардум фурсати зиёд доранд ва то ин муддат бояд ҳатман ваксин гиранд, то дар сурати бемор шудан, ҷараёнӣ касалӣ сабуктар гузарад.
Мясников аз ҳолати тақсими ваксин дар ҷаҳон шадидан нигарон аст. Ӯ мегӯяд, то замоне, ки ваксин ба таври баробар миёни сокинони сайёра тақсим нагардад, ин вабо ҳамон қадар авҷу бедодгарӣ мекунад.
Мутахассиси рус аз ҷумла ба изҳороти роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт бобати тақсими одилонаи ваксин ишора намуда, афзудааст, ки тақсимбандии ваксин на бояд танҳо миёни кишварҳои доро сурат гирифта шаваду давлатҳои "камбағал" канор монанд.
"Камбудиҳо дар логистикаи ваксинаҳо дар миқёси ҷаҳонӣ метавонад мубориза бо коронавирусро беэътибор кунад. Ҳоло штамми" делта "-и Африқои Ҷанубӣ паҳн шуда истодааст, ки ваксинҳо алайҳи ин навъ он қадар самарабахш нестанд", - илова намудааст Мясников.
Дар ин идома, ӯ таъқкид намуд, ягона роҳи халосӣ аз ин вирус ваксин гирифтан ҳасту халос.
Ба гуфтаи ӯ, пӯшидани ниқобу дигар чораҳои беҳдоштӣ ҳам бидуни гирифтани ваксин самаранок нестанд.