Нахустин медали олимпӣ дар таърихи Туркманистон

Медали нуқраро вазнбардор Полина Гуреваи 22-сола ба даст овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Туркманистон аввалин медали олимпиро дар таърихи муосири кишвар ба даст овард. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҷоизаи бонуфузро вазнабардор Полина Гурева ба даст овард.
Вай штангаро бо вазни 96 кило бардошта, дар ҷои дуюм қарор гирифт. Медали тиллоро дар ин бахш варзишгар аз Тайван Куо Синччун ба даст овард.
Биринҷӣ ба дасти зани ҷопонӣ Андо Микико рафт.
Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов муштзан аз Ӯзбекистон шуд
Гурева 22 сол дорад. Ва ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар фаъолияти ӯ мебошад. Пештар ҳам, ин варзишкор натиҷаҳои хуб ба даст оварда буд. Ӯ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2017 дар Боку баргузор шуд, мақоми аввалро ишғол кард.
Намояндагони Туркманистон соли 1996 бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат карданд. То кунун ин кишварро дар мусобиқаҳои зимистона ягон варзишкор намояндагӣ накардааст.
Қаблан варзишгарони туркман дар ҳайати дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ мекарданд ва соли 1992 онҳо дар ҳайати дастаи муттаҳид буданд.
Токио - 2020 барои Акмал Муродов хотима ёфт: ҷудочии гурҷӣ ӯро шикаст дод
То имрӯз ин кишвар ягона давлате аз ҳайати собиқ ИҶШС буд, ки медали олимпӣ надошт.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои асосии ҷаҳонӣ дар Токио аз 23 июл то 8 август идома мекунанд.
Аксари мусобиқаҳо дар соли 2021 бо сабаби пандемияи коронавирус бидуни тамошобинони хориҷӣ барпо мешавад ва ба ҷопониҳо иҷозат дода шудааст, ки бо риояи талаботи шадиди беҳдоштӣ танҳо дар баъзе минтақаҳо варзишкоронро дастгирӣ кунанд.