Вазорати мудофиаи Афғонистон аз маҳви 89 ҷангии толиб хабар дод

Шабонарӯзи гузашта неруҳои Афғонистон тавонистанд даҳҳо ҷангии толибро дар қаламрави 10 шаҳр маҳв кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазорати мудофиаи Афғонистон аз нобуд кардани 89 толиб дар давоми як шабонарӯз хабар дод, менависад "Интерфакс" бо такя ба котиботи ин вазорат.
"Дар ҷараёни задухӯрди шадид миёни неруҳои Афғонистон ва Толибон*, 89 ҷангии ин гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия кушта шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Илова бар ин, манбаъ меафзояд, дар музофотҳои Кунар, Қандаҳор, Ҳирот, Фараҳ, Форёб, Самангон, Ҳилманд, Нимрӯз, Таҳор ва Каписа боз 82 толиби дигар ҷароҳатдор шуданд.
Силоҳу муҳимоти зиёди ҷангии Толибон* низ дар ин задухӯрд нобуд карда шуд.
Гуфта мешавад, дар шимолу-шарқи Толуқон 20 ҷангӣ маҳв шуданд, ки миёни онҳо яке аз роҳбарони ин ҳаракат низ қарор дошт.
Боздиди генерал Лапин аз иншооти стратегии Тоҷикистон дар пайи ташдиди вазъ дар Афғонистон
Манбаъ меафзояд, 12 ҷангии Толибон*, аз ҷумла командир Аҳзаруллова ва қозии аз ҷониби Толибон таъйиншуда дар Таҳор, Муалавӣ Собир шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан ноам аст ва задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ин кишвар ва ҷангиёни Толибон* башиддат идома дорад.
Толибон* иддао мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале Ҳукумати Кобул ин иддаҳоро дур аз воқеият медонад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия