ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ мегӯяд, сар аз соли 2021 сайёҳони хориҷӣ камтар ба Тоҷикистон меоянд.
"Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли равон ба кишвар 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд", - мегӯяд, ин ниҳод.
Ин дар навбати худ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59% камтар аст.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки барои рушди соҳа ва инфрасохтори соҳа 30 миллион доллар аз Бонки Ҷаҳонӣ ва 10 миллион доллар аз Бонки Осиёии Рушд грант гирифта шудааст.
Онҳо ба татбиқи лоиҳаҳои "Рушди иқтисодиёт" ва "Рушди туризм" равона шуда буданд.
Имрӯз, ҷумҳурӣ дар бахши сайёҳӣ бо 9 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад ва инчунин бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи мавҷуда бо Туркия ҳамкории зичро ба нақша гирифтааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, сабаби аслии коҳиши вуруди сайёҳон ба кишвар бемории коронавирус буда, дар шароити кунунӣ талош доранд, ки туризми дохилиро рушд диҳанд.