ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки аз беморӣ бо нишонаҳои коронавирус табобат мегирифт, ба кор баргаштааст. Ӯ аз ҷумла дар ҷаласаҳо ва машваратҳои корӣ бо ҳузури раисиҷумҳур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иштирок мекунад.
Бар асоси гузоришҳои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷаласаҳои ахири Ҳукумат, иштирокдорон барои риояи фосилаи иҷтимоӣ дар байн як курсиро холӣ мемонанд. Дар ҷаласа ҳама бо ниқобҳои тиббӣ иштирок карда, ба истиснои чанд нафар аксарияташон дастпӯшак доштанд.
Аз ҷумла дар машварати корие, ки раисиҷумҳур ҳафтаи равон баргузор намуд, танҳо дар дастони Қоҳир Расулзода, сарвазир, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазир ва генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастпӯшакҳо наменамуданд. Дигарҳо ҳама бо ниқобу дастпӯшаки тиббӣ ҳузур доштанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуда, 58 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 25 июл дар Тоҷикистон 14505 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то замони зикргардида 14022 нафар (96,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон аз ин беморӣ 116 боқӣ мондааст.