ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Бино бар иттилои кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ахиран се ширкати нави сайёҳӣ — “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.
Гуфта шудааст, ки ахиран Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорид.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои ахир ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар солҳои ахир, дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар Тоҷҷикистон асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.