ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Сокини 64 - солаи деҳоти Шурмашки ҷамоати деҳоти Фондарё нисфирӯзи 20 июл аснои фаромадани сел ғарқ шуд.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Суғд, ҷасади Боронбой зимни баргузор кардани корҳои бартарафкунии сел дар Патруддарё дарёфт ва ба наздикони ӯ супорида шуд.
Манбаъ меафзояд, бар асари боронгариҳои шадид, рӯзи 20 июл, тахминан соатҳои 14-15 дар деҳаи Шурмашки ҷамоати деҳоти Фондарё сел фаромад, ки ба хоҷагии халқ зарари калон расонд.
Ҳамчунин дар ин ҳодиса як сокини маҳаллӣ низ ҷон бохт. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кард ва аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин оилаи мотамзада кӯмакҳои моддиву пулӣ расонд.
Гуфта мешавад, сел роҳу пулҳоро хароб намуд ва пас аз боздиди Аҳмадзода ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳар чӣ зудтар тамоми оқибатҳои харобиовари офати табиӣ бартараф карда шаванд.
Ёдовар мешавем, бегоҳи рӯзи 19 июл дар се деҳоти шаҳри Панҷакент ҳам сел фаромад, ки талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд.