Назарпурсӣ: рейтинги Байден ба нишондоди пасттарин уфтод

Ҳадс зада мешавад, ки коҳиш ёфтани боварии мардуми Амрико ба кишвардори худ аз он сабаб аст, ки ӯ ҳамоно чанд ваъдаи қабл аз интихоботӣ додаи худро амалӣ накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Рейтинги фаъолияти кишвардори Амрико Ҷо Байден ҳатто аз 50 фисад ҳам пасттар фаромадааст, менависад Прайм бо такя ба ширкати амрикоии Gallup, ки ба баргузории назарпурсӣ миёни мардум машғул аст.
Гуфта мешавад, ин пасттарин нишондоди рейтинги Байден аз авоили интихоб шудани ӯ ба маснади президентӣ аст. Зеро моҳи июн ин нишондод ба 56 дарсад баробар буд.
Бар тибқи натоиҷи назарпурсӣ, ки аз 6 то 21 июл доир шуда буд, ҳудуди 45 фисади пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Ҷо Байденро қабул надоранд.
Ҳамчунин 5 дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар ин бора ҳоло назари мукаммал надоранд.
ВАО: Путину Байден пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
Зикр мегардад, ки маҳбубияти Байден ҳатто миёни ҷонибдорони ӯ аз Ҳизби демократӣ низ коҳиш ёфтааст. Зимни назарпурсӣ 90 дарсади ҳамҳизбони ӯ Байденро дастгирӣ намуданд, дар ҳоле, ки моҳи январ 98 дарсади аъзоёни ҳизби мазкур аз Байден пуштибонӣ мекарданд.
Ҳолдонҳо коҳиш ёфтани рейтинги Байденро ба муборизаи Вашингтон бо пандемия рабт медиҳанд. Ба таъкиди онҳо, сатҳи сироятшавӣ ҳамоно зиёд буда, ҷараёни ваксингирӣ ниҳоят суст аст.
Илова бар ин, Байден ҳамоно якчанд ваъдаҳое, ки қабл аз маъракаи интихоботӣ ба мардум дода буд, иҷро накардааст.