Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғон

ИМА аз мақомоти Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳиш намудааст, ки ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро муваққатан ба кишварҳои худ қабул намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Амрико аз мақомоти се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Қазоқистон дархост кардааст то муҳоҷирони афғонро муваққатан дар қаламрави худ ҷой диҳанд то раводиди онҳо барои сафар ба Амрико омода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Рейтерс”.
Тибқи иттилои манбаъ, миёни паноҳандагони нафароне ҳастанд, ки қаблан бо нерӯҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ мекарданд ва акнун бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ҷонашон дар хатар аст.
Ёдрас мешавем, ки Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико чанд ҳафта пеш эълом кард, маъмурияти нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон то 31 август хотима меёбад.
Байден: афғонҳое, ки бо мо ҳамкорӣ карданд ба Амрико интиқол дода мешаванд
Ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) низ ба ҳамалоти худ афзуда ва дар ҳафтаҳои гузашта манотиқи васеъеро ба контроли худ даровардаанд.
То кунун Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дархости мақомоти амрикоӣ посухе надодаанд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 ҳазор афғонистонӣ дорои шароити муҳоҷират ба Амрико ҳастанд.