ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Натиҷаи ташхиси варзишгарон ва мураббиёни тоҷик аз COVID-19 манфӣ баромад, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки варзишкорони тоҷик, ки шоми 20 июл ба шаҳри Токио расиданд, аллакай дар Деҳаи олимпӣ ба тамрин шурӯъ кардаанд.
Ҳайати олимпии Тоҷикистонро, масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар Деҳаи олимпии Тоҷикистон ҷобаҷо кардаанд.
Ногуфта намонад, ки аз 1 июл инҷониб дар Токио беш аз 67 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд.
Дар ин росто, директори иҷроияи кумитаи тадорукот Тоширо Муто бо сабаби пандемия дар лаҳзаи охирин бекор шудани Бозиҳоро истисно накард.
"Дар сурати афзоиши ҳолатҳои нави ин беморӣ музокиротро идома хоҳем дод. Мо ба мувофиқа расидем, ки бар асоси вазъи коронавирус боз гуфтугӯҳои панҷҷониба анҷом медиҳем", - гуфт Муто.
32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад.
Ҳайати олимпии Тоҷикистонро 23 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ташкил медиҳанд.
Маросими кушодашавии бозиҳо шоми 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио сурат мегирад.