ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон борҳо аз Толибон* кафолат гирифтаанд, ки ташаккулёбии онҳо марзҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистонро вайрон намекунад.
Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи kun.uz.
"Бояд бигӯям, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои мо бо роҳбарияти Толибон* онҳо борҳо бо аҳамияти махсус таъкид карданд, ки онҳо танҳо барои озодии кишвари худ мубориза мебаранд ва марзҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистонро вайрон намекунанд ва ё ба кишвари мо аз қаламрави Афғонистон таҳдидҳо эҷод намекунанд", - гуфт Иргашев.
Намояндаи махсус қайд кард, ки Тошканди расмӣ аз ташдиди кунунии вазъ дар Афғонистон нигарон аст, аз ин рӯ, "барои пешгирии таъсири манфии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд".
"Аммо дар айни замон, мехоҳам қайд кунам, ки мо ҳамеша бо ҳамсояи деринаамон Афғонистон муносибатҳои неки ҳамсоягиро нигоҳ медорем, равобити бародаронаро тавсеа медиҳем", - илова кард Иргашев.
Вазъ дар Афғонистон ҳамчунон муташанниҷ боқӣ мемонад.Толибон* пешрафт ва забти қаламравҳоро идома медиҳанд ва амнияти на танҳо худи ин кишвар, балки давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказиро низ зери хатар мегузоранд.
Шиддати авзоъ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, қаблан Толибон* ба Тоҷикистон низ гуфта буданд, ки марзҳояшро убур нахоҳанд кард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.